Таъсири манфии сардиҳои ғайримаъмулӣ ба кори Интернет

Сардиҳои ғайримаъмулӣ дар Тоҷикистон ба ноқисиҳо дар кори шабакаи Интернет боис гардиданд. Сухангӯи яке аз ширкатҳои фароҳамсози Интернети Babilon-T Холиқназар Ҷумъаев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар робита ба сардиҳои шадид дар кишвар, рӯзҳои 3-4-уми феврал камбуду ноқисиҳо дар кори Интернет ба мушоҳида расидаанд. «Барои бартараф кардани ноқисиҳо мутахассисони ширкат то […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Сардиҳои ғайримаъмулӣ дар Тоҷикистон ба ноқисиҳо дар кори шабакаи Интернет боис гардиданд.

Сухангӯи яке аз ширкатҳои фароҳамсози Интернети Babilon-T Холиқназар Ҷумъаев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар робита ба сардиҳои шадид дар кишвар, рӯзҳои 3-4-уми феврал камбуду ноқисиҳо дар кори Интернет ба мушоҳида расидаанд.

«Барои бартараф кардани ноқисиҳо мутахассисони ширкат то ҳол кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва умедворем, ки имрӯз ин мушкилӣ бартараф мешавад», – гуфт сухангӯи ширкат.

Роҳбари Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон Асомиддин Атоев низ мутмаин аст, ки камбудиву ноқисиҳои пайдошуда дар кори шабакаи Интернет ба сардиҳои шадид вобаста аст. «Чун дар дигар бахшҳо зербинои алоқа ва дастгирии фаъолияти он нишон додаанд, ки онҳо ба чунин обуҳавои ғайримунтазира омода нестанд», – иброз дошт Асоев.

Ба қавли ӯ, ба гунаи мисол агар пойгоҳи заминавӣ дар минтақаи кӯҳсор воқеъ бошад, он метавонад бе нерӯи барқ монад, ки маъмулан бо генераторҳои аз сӯзишворӣ истифодашаванда бо барқ таъмин мегарданд, вале захираи сӯзишворӣ ба чунин вазъи обуҳаво пешбинӣ нашудааст. «Аз ин рӯ, ҳалли ин мушкилот ба мусоид шудани обуҳаво низ марбут аст», – зикр кард Атоев.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.