Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо сафири ИМА



Санаи 4-уми феврали соли равон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотт баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ, машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн суҳбат оростанд.

spot_imgspot_img

Популярное