Ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанак барқарор шуд

Айни замон ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак барқарор гардида, дар ҳамаи намояндагиҳо гуруҳҳои навбатдорӣ барои нигоҳдории қитъаҳои роҳ ва таъмини ҳаракати нақлиёт ба таври шабонарӯзӣ фаъолият доранд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти филиали ширкати IRS, қаблан бар асари бориши зиёди барф ва тармафароӣ дар чанд мавзеи минтақаи Варзоб ҳаракати нақлиёт муваққатан халалдор гардида буд. […]

ASIA-Plus



Айни замон ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак барқарор гардида, дар ҳамаи намояндагиҳо гуруҳҳои навбатдорӣ барои нигоҳдории қитъаҳои роҳ ва таъмини ҳаракати нақлиёт ба таври шабонарӯзӣ фаъолият доранд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти филиали ширкати IRS, қаблан бар асари бориши зиёди барф ва тармафароӣ дар чанд мавзеи минтақаи Варзоб ҳаракати нақлиёт муваққатан халалдор гардида буд. Бар асари тармафароӣ дар километрҳои 49, 51, 59 ва 71-уми роҳ ҳаракати нақлиёт муваққатн қатъ гардида, дарозии тармаҳо то 100 метр мерасид.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ба тамоми шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз ҳаракат тариқи ағбаҳо ва роҳҳои мошингарде, ки қитъаҳои хатарноки тармафароӣ доранд, худдорӣ кунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.