Кумаки молии якдафъаинаи шаҳрдории Душанбе ба занони кӯчарӯб

Рӯзҳои наздик мақомоти шаҳрдории Душанбе ба тамоми занони кӯчарӯб кумаки якдафъаинаи пулӣ ҷудо мекунад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, кӯмаки якдафъаинаи молӣ ба занони кӯчарӯб 1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. «Дар ҷаласаи кории мақомоти шаҳрдорӣ раиси пойтахт ба кулли кормандон, қабл аз ҳама ба занҳои кӯчарӯб барои заҳматҳои хастанопазири онҳо дар тозакунии […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои наздик мақомоти шаҳрдории Душанбе ба тамоми занони кӯчарӯб кумаки якдафъаинаи пулӣ ҷудо мекунад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, кӯмаки якдафъаинаи молӣ ба занони кӯчарӯб 1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

«Дар ҷаласаи кории мақомоти шаҳрдорӣ раиси пойтахт ба кулли кормандон, қабл аз ҳама ба занҳои кӯчарӯб барои заҳматҳои хастанопазири онҳо дар тозакунии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз барф изҳори сипос намуд», – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуот.

Ба иттилои манбаъ, раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин аз роҳбарони сохторҳои тиҷоратӣ низ даъват ба амал овард, ки ин иқдомро дастгирӣ кунанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан бо қарори раиси шаҳри Душанбе дар мавсими зимистон, аз моҳи декабр то феврал ба музди меҳнати кӯчарӯбон 1 ҳазор сомонӣ маблағ илова карда шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.