Посухи адвокатҳои Зайд Саидов ба роҳбари Агентии зиддифасод

Дар посухи адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов дар робита ба изҳороти роҳбари Агентии зиддифасод Фаттоҳ Саидов оид ба қазияи эҳтимолияти падарии соҳибкор зикр мегардад, ки гуфтаҳои роҳбари Агентӣ боз як кӯшиши ба гумроҳӣ андохтани ҷомеа аст. Дар ҳамин ҳол, онҳо бар ин назаранд, ки ин ҳамчунин як навъи фишор ба суди зинаи таҷдиди назар дар […]

ASIA-Plus



Дар посухи адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов дар робита ба изҳороти роҳбари Агентии зиддифасод Фаттоҳ Саидов оид ба қазияи эҳтимолияти падарии соҳибкор зикр мегардад, ки гуфтаҳои роҳбари Агентӣ боз як кӯшиши ба гумроҳӣ андохтани ҷомеа аст.

Дар ҳамин ҳол, онҳо бар ин назаранд, ки ин ҳамчунин як навъи фишор ба суди зинаи таҷдиди назар дар пешорӯи баррасии шикоят аз болои ҳукм аст. «Далели сохтакории ташхиси ДНК-и эҳтимоли падарии Зайд Саидов аз ҷониби мо бебаҳс собит шуд, вале Ф.Саидов ба андешаи худ исрор варзида, боз моро дар маслиҳатяккуниву созиш бо озмоишгоҳ (лаборатория) гунаҳкор мекунад», – баён мегардад дар изҳорот.

Дар изҳорот гуфта мешавад, эътирофи далели сохткорӣ возеҳу аён аст ва дар он ё кормандони Агентӣ ва ё адвокатҳо гунаҳкоранд. «Ин ҷинояти гӯшношунид бояд тафтиш шуда, гунаҳкорон муҷозоот шаванд ва мо чунин тафтишотро тақозо дорем. Ин мавқеи мо набояд нодида гирифта шавад, ҳадди ақал барои он, ки инро қонун талаб мекунад», – зикр мегардад дар изҳороти адвокатҳо.

Шӯҳрат Қудратов,  яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов дар суҳбат ба

радиои “Озодӣ”

гуфтааст, иддаои Ф.Саидов дар мавриди натиҷаи ташхиси ДНК оид ба ҳаққи падарии Зайд Саидов нодуруст буд, зеро вакилони мудофеъ низ пас аз ташхиси Агентӣ ба ҳамин маркази «Био Папа» муроҷиат карданд ва натиҷаи ташхисеро, ки бо хоҳиши Агентии зиддифасод анҷом дода шудааст, рӯшан карданд ва ин марказ масъалаи ҳаққи падарии Зайд Саидовро инкор кардааст. «Мо навори видеоии кормандони маркази ДНК-и «Био Папа»-ро пешниҳод кардем ва онҳо расман дар сӯҳбати худ таъкид карданд, ки Зайд Саидов ба кӯдаке, ки агентӣ ӯро барои доштани ҳаққи падарӣ муттаҳам карда буд, рабте надорад», – иброз доштааст адвокат.

Дар идома адвокатҳо изҳор мекунанд, ки сарфи назар аз кӯшиши зиёд ва истифодаи тамоми имконоти муҷозотиву таблиғотии давлат, аксари мардум ба хулосаҳои тафтишот ва суд бовар надоранд. «Гузашта аз ин, шумори чунин нафарон рӯз то рӯз афзуда, маҳз аз ҳамин ҳарос мурофиаи судӣ махфӣ сурат гирифт ва барои манзури ҳамагон нашудани маводи тафтишоту ҳукми суд тамоми корҳо анҷом дода мешаванд», – омадааст дар изҳорот.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова