Муовини тозатаъини сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон аз мансабаш барканор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, бо қарори ҳукумат Ашӯралӣ Мирзоев аз мансаби моуини сардори Хадамоти гумрук сабукдӯш шудааст. Ашӯралӣ Мирзоев 30-юми ноябри соли гузашта ба ин мансаб таъин шуда буд.
Аз Хадамоти гумрук ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки алҳол ба ҷойи Ашӯралӣ Мирзоев каси дигаре таъин нашудааст. Сабабҳои дар чунин фурсати кӯтоҳ аз мансаб барканор шудани А.Ммирзоев номаълум аст.
Қаблан А.Мирзоев раҳбарии Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳуриро бар дӯш дошта, ба ҳайси сараудитори Палатаи ҳисоб ҳам ифои вазифа кардааст.
Қобили зикр аст, ки аз моҳи ноябри соли гузашта ба Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон писари президент Рустами Эмомалӣ раҳбарӣ мекунад.



