Вохӯрии вазири корҳои дохилӣ бо дипломати эронӣ



Имрӯз вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов кордори муваққатии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидмаҳмуди Садриро ба ҳузур пазируфт.


Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар мулоқот инчунин мушовири Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Саидмуҳсин Рашид-ул-Исломӣ ва вобастаи низомии ҳамин Сафорат Беҳзод Рафеъӣ ширкат варзиданд.

Зимни мулоқот масоили ҳамкориҳои тарафайн дар самти мубодилаи ахбор, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоки маводи мухаддир ва хариду фуруши ғайриқонунии яроқу аслиҳа мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси ҳамкориҳои судманд оид ба мубодилаи таҷриба байни кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон ва омода намудани кадрҳои ҷавон ибрози назар карданд.

Дар ин нишаст зикр гардид, ки лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва амният дар марҳилаи коркард қарор дошта,  баимзорасонии ин лоиҳа минбаъд ҳамкориҳои муштаракро боз ҳам тақвият мебахшанд.

spot_imgspot_img

Популярное