Сокинони деҳоти ҳаммарз бо Қирғизистони шаҳри Исфара дар номаи дастаҷамъӣ ба унвони президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош-Тамдик-Оқсой норозигӣ изҳор карданд. Зери ин нома 1700 нафар имзо гузоштаанд.
Яке аз имзогузорандагон зери нома, сокини деҳаи Хоҷа Аъло Фарҳод Сафаров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита чунин изҳор кард: «Мушкилоти асосии мо дар он ифода меёбад, ки мо намехоҳем, ки Қирғизистон бо истифода аз қудрату фишор тариқи як қисмати деҳаи мо роҳ бунёд кунад, зеро он ба баҳсу муноқишаҳо миёни ҷонибҳо боис шуда метавонад».
Ӯ таъкид намуд, ки сокинони деҳоти ҳаммарз бо Қирғизистони шаҳри Исфара ҷонибдори ҳалли мушкилот тариқи гуфтушунид ва бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб буда, якчанд тарзи ҳалли ин мушкилро аз назари сокинони ин деҳот пешниҳод кардаанд.
«Дар мактуб ҳамчунин аз бонкҳо ва ниҳодҳои байнулмилалии сармоягузорӣ даъват мешавад, ки «аз маблағгузорӣ ба сохтмони роҳҳо ва амалисозии дигар лоиҳаҳо дар қитъаҳои баҳскноки марз худдорӣ варзанд», – иброз дошт Ф.Сафаров.
Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ дар марз муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба сардӣ гароиданд. Дар ин муноқишаи мусаллаҳона ду марзбони тоҷику панҷ марзбон ва як корманди милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд. Пас аз ин Қирғизистон якҷониба марзҳояш бо Тоҷикистонро баста, сафирашро аз Душанбе бозхонд.
Қобили зикр аст, ки аз 976 километри марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар 550 километр аломатгузорӣ комилан ба итмом расида, аз соли 2006 кор дар ин самт ба бунбаст мувоҷеҳ шуд ва дигар ҳеҷ пешравие ба мушоҳида намерасад.



