Муроҷиати сокинони Исфара ба Эмомалӣ Раҳмон

Сокинони деҳоти ҳаммарз бо Қирғизистони шаҳри Исфара дар номаи дастаҷамъӣ ба унвони президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош-Тамдик-Оқсой норозигӣ изҳор карданд. Зери ин нома 1700 нафар имзо гузоштаанд. Яке аз имзогузорандагон зери нома, сокини деҳаи Хоҷа Аъло Фарҳод Сафаров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита чунин изҳор кард: «Мушкилоти асосии мо […]

Аваз Юлдошев



Сокинони деҳоти ҳаммарз бо Қирғизистони шаҳри Исфара дар номаи дастаҷамъӣ ба унвони президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош-Тамдик-Оқсой норозигӣ изҳор карданд. Зери ин нома 1700 нафар имзо гузоштаанд.

Яке аз имзогузорандагон зери нома, сокини деҳаи Хоҷа Аъло Фарҳод Сафаров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита чунин изҳор кард: «Мушкилоти асосии мо дар он ифода меёбад, ки мо намехоҳем, ки Қирғизистон бо истифода аз қудрату фишор тариқи як қисмати деҳаи мо роҳ бунёд кунад, зеро он ба баҳсу муноқишаҳо миёни ҷонибҳо боис шуда метавонад».

Ӯ таъкид намуд, ки сокинони деҳоти ҳаммарз бо Қирғизистони шаҳри Исфара ҷонибдори ҳалли мушкилот тариқи гуфтушунид ва бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб буда, якчанд тарзи ҳалли ин мушкилро аз назари сокинони ин деҳот пешниҳод кардаанд.

«Дар мактуб ҳамчунин аз бонкҳо ва ниҳодҳои байнулмилалии сармоягузорӣ даъват мешавад, ки «аз маблағгузорӣ ба сохтмони роҳҳо ва амалисозии дигар лоиҳаҳо дар қитъаҳои баҳскноки марз худдорӣ варзанд», – иброз дошт Ф.Сафаров.

Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ дар марз муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба сардӣ гароиданд. Дар ин муноқишаи мусаллаҳона ду марзбони тоҷику панҷ марзбон ва як корманди милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд. Пас аз ин Қирғизистон якҷониба марзҳояш бо Тоҷикистонро баста, сафирашро аз Душанбе бозхонд.

Қобили зикр аст, ки аз 976 километри марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар 550 километр аломатгузорӣ комилан ба итмом расида, аз соли 2006 кор дар ин самт ба бунбаст мувоҷеҳ шуд ва дигар ҳеҷ пешравие ба мушоҳида намерасад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.