Вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Сочӣ



Дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Сочии Русия ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXII-уми зимистонаи олимпӣ мулоқоти ӯ бо президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев дар назар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Сочи баррасии маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои ҳарду кишвар пешбинӣ шудааст.

«Сарони кишварҳо ба масъалаи аломатгузорӣ дар марзи давлатии ҳарду кишвар таваҷчуҳи хосса зоҳир хоҳанд кард», – иброз дошт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон ба Русия ҳамчунин гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон бо амири Қатар ва нахуствазири Чехия низ ба нақша гирифта шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное