«Барқи тоҷик» далелҳои ба номи аҳолӣ сабт шудани қарзи корхонаҳоро рад кард

Ширкати «Барқи тоҷик» далелҳои ба номи аҳолӣ сабт шудани қарзҳои корхонаҳои санаотӣ аз истифодаи барқро рад кард. Сармуҳандиси Раёсати фурӯши барқи ширкат Алихон Шарифов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор кард, ки «раёсат дар бораи чунин далелҳо маълумот надорад ва хуб мешуд, агар дар бораи ҳолатҳои мушаххаси ин ҳодисаҳо моро огоҳ мекарданд». «Мо худамон […]

Пайрав Чоршанбиев



Ширкати «Барқи тоҷик» далелҳои ба номи аҳолӣ сабт шудани қарзҳои корхонаҳои санаотӣ аз истифодаи барқро рад кард.

Сармуҳандиси Раёсати фурӯши барқи ширкат Алихон Шарифов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор кард, ки «раёсат дар бораи чунин далелҳо маълумот надорад ва хуб мешуд, агар дар бораи ҳолатҳои мушаххаси ин ҳодисаҳо моро огоҳ мекарданд». «Мо худамон манфиатдорем, ки кормандони ба ин амал дастзадаро ошкор намуда, ба онҳо ҷазои сазовор диҳем», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Шарифов, айни замон дар Раёсати фурӯши барқи ширкат беш аз 3,6 ҳазор нафар фаъолият дошта, «шояд кормандони беинсоф ҳам кор кунанд, лекин мо кӯшиш дорем, ки онҳоро ошкор намуда, ҷазо диҳем ва ин як паҳлӯи кори мо низ мебошад».

Сармуҳандиси раёсат қайд кард, ки айни замон қарзи аҳолӣ ба ширкат аз истифодаи барқ 352 млн. сомониро ташкил медиҳад ва ин қарзҳо на дар муддати як сол, балки тӯли чандин солҳо ҷамъ шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти хабарии рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта роҳбари Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов изҳор намуд, ки дар ҷараёни тафтиши фаъолияти молиявии воҳидҳои зертобеъи ширкати «Барқи тоҷик» далелҳои

ба номи аҳолӣ сабт шудани қарзҳо

аз истифодаи барқи корхонаҳои саноатӣ, асосан корхонаҳои хусусӣ ошкор шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.