Боздиди гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон аз қитъаҳои баҳсноки марз

Се гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон, ки ба баррасии масоили марзӣ, аз ҷумла аломатгузорӣ дар марз ва истифодаи роҳҳои наздимарзӣ шурӯъ намуданд, аз қитъаҳои баҳсноки марзи давлатӣ дар самти Исфара боздид карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, кори ин гурӯҳҳо то 10-уми феврал идома ёфта, пешниҳодҳои ҷонибҳо дар ҷаласаи […]

ASIA-Plus



Се гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон, ки ба баррасии масоили марзӣ, аз ҷумла аломатгузорӣ дар марз ва истифодаи роҳҳои наздимарзӣ шурӯъ намуданд, аз қитъаҳои баҳсноки марзи давлатӣ дар самти Исфара боздид карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, кори ин гурӯҳҳо то 10-уми феврал идома ёфта, пешниҳодҳои ҷонибҳо дар ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, ки нимаи моҳи феврал дар шаҳри Исфара доир мегардад, баррасӣ мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, гурӯҳҳои зикршуда барои амалисозии бандҳои протоколҳо, ки зимни гуфтушуниди рӯзҳои 30-31-уми январи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон таҳти сарварии муовинони сарвазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов дар Бишкек ба имзо расида буданд, таъсис дода шуданд.

Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта, 5-уми феврал гурӯҳҳо ба баррасии масоили ба зиммаи онҳо вогузоршуда шурӯъ карданд. Аз ҷониби Тоҷикистон гурӯҳи масоили низомӣ ва марзиро ёвари президент оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, оид ба масоили аломатгузорӣ дар марзро раиси Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезия Маҳмадтоҳир Зокиров ва гурӯҳ оид ба истифодаи роҳҳои наздимарзиро вазири нақлиёт Хайрулло Асоев роҳбарӣ мекунанд.

«Ҳайати Тоҷикистон бовар дорад, ки фаъолияти гурӯҳҳои кории ҷонибҳо ба ҳалли мусолиматомези масъалахои баҳснок ва таҳкими ҳамкории наздимарзии кишварҳо дар рӯҳияи ҳамҷаворӣ ва дӯстии анъанавӣ мусоидат мекунад», – итттилоъ медиҳад ВКХ ҶТ.

Ҳайати Қирғизистонро коршиноси котиботи намояндаи махсуси ин кишвар оид ба масоили марзӣ Б.Абдураимов сарварӣ кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.