Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҳангоми гузаронидани амалиёти махсуси бисёрмарҳила фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷиноиро, ки бо интиқоли маводи нашъаовари синтетикии “экстази” ба қаламрави вилояти Суғд машғул буданд, қатъ намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, охири соли гузашта кормандони оперативии Агентӣ маълумот гирифтанд, ки як гурӯҳи шахсон бо фурӯши ҳабҳои сахттаъсир машғул мебошад. Қарор карда шуд, ки нисбати шахсони номбурда чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бурда шавад.
Пас аз гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Агентӣ чор нафар шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва ҳабс карда шуданд, ки аз он 100 дона ҳаби экстази ба вазни умумии 260 грамм мусодира карда шуд.
Дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки ҳамаи боздоштшудагон аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша мебошанд, ки бо интиқоли маводи дорувории манъшуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул буданд. Мутобиқи итттилооти пешакӣ, гурӯҳи ҷиноятпешаи мазкур ҳабҳои МДМА-ро дар қаламрави яке аз кишварҳои Аврупо харидорӣ намуда, бо роҳи қочоқ ба шаҳри Хуҷанд интиқол медоданд.
Пас аз он дар ҷои истироҳати оммавии ҷавонон бо нархи аз 20 то 30 доллари ШМА ба фурӯш мебароварданд. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ аз рӯи қисми 4 моддаи 200 Кодекси ҷиноии ҶТ (муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо) оғоз гкарда шудааст. Иштирокчиёни дигари ҷиноят муайян шуда истодаанд. Боздоштшудагон ба тавқифгоҳи муваққати нигоҳдорӣ ҷойгир карда шудаанд.



