АНМН: Мусодираи як миқдор маводи нашъаовари «экстази»

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҳангоми гузаронидани амалиёти махсуси бисёрмарҳила фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷиноиро, ки бо интиқоли маводи нашъаовари синтетикии “экстази”  ба қаламрави вилояти Суғд машғул буданд, қатъ намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, охири соли гузашта кормандони оперативии Агентӣ маълумот гирифтанд, ки як гурӯҳи шахсон бо фурӯши ҳабҳои […]

ASIA-Plus



Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҳангоми гузаронидани амалиёти махсуси бисёрмарҳила фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷиноиро, ки бо интиқоли маводи нашъаовари синтетикии “экстази”  ба қаламрави вилояти Суғд машғул буданд, қатъ намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, охири соли гузашта кормандони оперативии Агентӣ маълумот гирифтанд, ки як гурӯҳи шахсон бо фурӯши ҳабҳои сахттаъсир машғул мебошад. Қарор карда шуд, ки нисбати шахсони номбурда чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бурда шавад.

Пас аз гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Агентӣ чор нафар шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва ҳабс карда шуданд, ки аз он 100 дона ҳаби экстази ба вазни умумии 260 грамм мусодира карда шуд.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки ҳамаи боздоштшудагон аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша мебошанд, ки бо интиқоли маводи дорувории манъшуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул буданд. Мутобиқи итттилооти пешакӣ, гурӯҳи ҷиноятпешаи мазкур ҳабҳои МДМА-ро дар қаламрави яке аз кишварҳои Аврупо харидорӣ намуда, бо роҳи қочоқ ба шаҳри Хуҷанд интиқол медоданд.

Пас аз он дар ҷои истироҳати оммавии ҷавонон бо нархи аз 20 то 30 доллари ШМА ба фурӯш мебароварданд.  Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ аз рӯи қисми 4 моддаи 200 Кодекси ҷиноии ҶТ (муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо) оғоз гкарда шудааст. Иштирокчиёни дигари ҷиноят муайян шуда истодаанд. Боздоштшудагон ба тавқифгоҳи муваққати нигоҳдорӣ ҷойгир карда шудаанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.