Соли 2013 дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 6 тоннаву 686 кило маводи мухаддир мусодира гардид, ки нисбат ба соли 2012 ба андозаи 11,8% зиёдтар аст.
Зимни нишастии хабарии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ зикр гардид, ки соли гузашта аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон 936 ҷинояти вобаста бо муомилаи ғайриқонунии маводи нашъаовар ба қайд гирифта шудааст, ки ин 5% миқдори умумии ҷиноятҳои содиршударо ташкил менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Агентӣ бевосита ва дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ ва хориҷӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаву 385 кило маводи нашъаовар мусодира гардид. Танҳо дар қаламрави Тоҷикистон 933 кило маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки маводи мухаддири гурӯҳи афюнӣ – 298 кило ва гурӯҳи бангдона – 635 килоро ташкил додаанд.
Дар ин давра аз тарафи Агентӣ дар соҳаи пурзӯр намудани мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки бо муоилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар робита доранд, як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа фаъолияти 28 гурӯҳи ҷиноӣ, ки ба таркиби он 79 ҷинояткор дохил шуда буд, қатъ гардида, 2 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ нобуд карда шуд.
Аз тарафи Шӯъбаи тафтишотии Агентӣ 155 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидаааст, ки аз онҳо 96 парванда нисбати 133 шахс ба суд равон карда шуд.18 шаҳрванд, ки дар кофтукови байналмиллалӣ барои содир намудани ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар қарор доштанд, боздошт гардиданд.



