АНМН: Соли гузашта фаъолияти 28 гурӯҳи нашъаҷаллоб қатъ карда шуд

Соли 2013 дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 6 тоннаву 686 кило маводи мухаддир мусодира гардид, ки нисбат ба соли 2012 ба андозаи 11,8% зиёдтар аст. Зимни нишастии хабарии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ зикр гардид, ки соли гузашта аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон 936 ҷинояти вобаста бо муомилаи ғайриқонунии […]

ASIA-Plus



Соли 2013 дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 6 тоннаву 686 кило маводи мухаддир мусодира гардид, ки нисбат ба соли 2012 ба андозаи 11,8% зиёдтар аст.

Зимни нишастии хабарии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ зикр гардид, ки соли гузашта аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон 936 ҷинояти вобаста бо муомилаи ғайриқонунии маводи нашъаовар ба қайд гирифта шудааст, ки ин 5% миқдори умумии ҷиноятҳои содиршударо ташкил менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Агентӣ бевосита ва дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ ва хориҷӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаву 385 кило маводи нашъаовар мусодира гардид. Танҳо дар қаламрави Тоҷикистон 933 кило маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки маводи мухаддири гурӯҳи афюнӣ – 298 кило ва гурӯҳи бангдона – 635 килоро ташкил додаанд.

Дар ин давра аз тарафи Агентӣ дар соҳаи пурзӯр намудани мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки бо муоилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар робита доранд, як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа фаъолияти 28 гурӯҳи ҷиноӣ, ки ба таркиби он 79 ҷинояткор дохил шуда буд, қатъ гардида, 2 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ нобуд карда шуд.

Аз тарафи Шӯъбаи тафтишотии Агентӣ 155 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидаааст, ки аз онҳо 96 парванда нисбати 133 шахс ба суд равон карда шуд.18 шаҳрванд, ки дар кофтукови байналмиллалӣ барои содир намудани ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар қарор доштанд, боздошт гардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.