З.Ализода: Дархости Саидов дар бораи вохӯрии такрорӣ расмӣ набуд



Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода ба дархости

вохӯрии такрории

Зайд Саидов бо ӯ барои он расидагӣ накардааст, ки он расман пешниҳод нашуда будааст.

«Дар бораи хоҳиши такроран бо ман мулоқот кардани ӯ дар ВАО хабарҳо нашр шуданд, вале ба мо на аз ӯву на аз адвокатҳояш дар ин бора мактуби расмӣ нарасидааст», – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ Зариф Ализода.

Аммо адвокатҳои Зайд Саидов ба ВАО хабар дода буданд, ки соҳибкор тавассути маъмурияти тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ба унвони Омбудсмени Тоҷикистон оид ба вохӯрии такрорӣ дархост фиристодааст.

Зикр гардида, буд, ки дар тамоми муддати боздошту ҷараёни тафтиши парванда Зариф Ализода танҳо як маротиба, баъди 5 рӯзи боздошт бо соҳибкор мулоқот кардааст. Он замон Саидов мусоидат намудан ба вохӯрӣ бо адвокаташ бо ӯ «як ба як» бидуни маҳдудиятро дархост карданӣ будааст.

Ализода иштироки намояндаи дастгоҳи Омбудсмен дар тамоми мурофиаҳои судии Зайд Саидовро хотиррасон намуда, зикр кард, ки мурофиа қонунӣ сурат гирифта, ҳамаи се адвокати соҳибкор ба озодона савол додану пешниҳоди далелҳо ба ҳимояи Саидов ҳуқуқ доштанд.

Ёдрас мекунем, ки сенаи 25-уми декабри соли 2013 соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба муҳлати

26 соли зиндони

низомаш шадид бо мусодираи молу мулк маҳкум шуд. Зайд Саидов аз рӯйи панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 139 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор дониста шуд.

spot_imgspot_img

Популярное