Камбудиҳо дар кори паймонкорони таҷдиди нерӯгоҳи «Варзоб-1»

Комиссияи кории ширкати «Барқи тоҷик» дар кори ширкатҳои Ҳиндустон дар таҷдиди нерӯгоҳи обиву барқии «Варзоб-1» як қатор камбудиҳоро ошкор кард. Аз ШСХК «Барқи тоҷик» ба хабаргузории «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки бо ин сабаб қабули кори иҷрошуда аз ҷониби ширкатҳои Ҳиндустон ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шудааст. Мушаххасан дар бораи ҷузъиёти ин камбудиҳо […]

Пайрав Чоршанбиев



Комиссияи кории ширкати «Барқи тоҷик» дар кори ширкатҳои Ҳиндустон дар таҷдиди нерӯгоҳи обиву барқии «Варзоб-1» як қатор камбудиҳоро ошкор кард.

Аз ШСХК «Барқи тоҷик» ба хабаргузории «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки бо ин сабаб қабули кори иҷрошуда аз ҷониби ширкатҳои Ҳиндустон ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шудааст. Мушаххасан дар бораи ҷузъиёти ин камбудиҳо маълумот дастрас нагардид.

Ёдрас мекунем, ки ба корҳои азнавсозии неурӯгоҳи обиву барқии «Варзоб-1» ду ширкати Ҳиндустон – Bharat Heavy Electricals Limited (BHEL) и National Power Corporation (NHPC) машғул мебошанд. Аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон барои амалисозии ин лоиҳа дар ҳаҷми 17 млн. доллари ИМА бурс ҷудо карда шуд.

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», пас аз анҷоми корҳои таҷдид иқтидори нерӯгоҳи «Варзоб-1» аз 7,4 то 9,4 МВТ афзуда, муҳлати коршоямии нерӯгоҳ ба муддати 50 соли дигар тамдид меёбад.

Силсилаи нерӯгоҳҳои Варзоб аз се нерӯгоҳ иборат буда, иқтидори нерӯгоҳи «Варзоб-2» аз  ҳама бештар – 14,76 МВт аст. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи «Варзоб-1» – 7,4 МВт ва «Варзоб-3» – 3,52 МВт-ро ташкил медиҳад.

Нерӯгоҳи «Варзоб-1» аввалин нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар Тоҷикистони шӯравӣ маҳсуб ёфта, соли 1936 ба истифода дода шудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.