Танҳо дар як моҳи январи соли 2014 аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, аз 11 иттиҳодияи динии бақайдгирифташуда як ададро масҷиди ҷомеъ ва 10 ададро масҷидҳои панҷвақта ташкил медиҳанд.
Гуфта мешавад, як масҷиди ҷомеи ба тозагӣ бақайдгирифташуда дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ҷойгир буда, боқӣ 10 масҷиди панҷвақта дар ноҳияҳои Муъминобод, ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Панҷ, Варзоб, Ҳисор, Турсунзода ва Ванҷ воқеъ мебошанд.



