Бақайдгирии 11 масҷиди нав дар Тоҷикистон дар моҳи январ

Танҳо дар як моҳи январи соли 2014 аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, аз 11 иттиҳодияи динии бақайдгирифташуда як ададро масҷиди ҷомеъ ва 10 ададро масҷидҳои панҷвақта ташкил медиҳанд. Гуфта […]

ASIA-Plus



Танҳо дар як моҳи январи соли 2014 аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, аз 11 иттиҳодияи динии бақайдгирифташуда як ададро масҷиди ҷомеъ ва 10 ададро масҷидҳои панҷвақта ташкил медиҳанд.

Гуфта мешавад, як масҷиди ҷомеи ба тозагӣ бақайдгирифташуда дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ҷойгир буда, боқӣ 10 масҷиди панҷвақта дар ноҳияҳои Муъминобод, ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Панҷ, Варзоб, Ҳисор, Турсунзода ва Ванҷ воқеъ мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.