Лоиҳаи нави ИА дар Тоҷикистон оид ба тақвияти ҳуқуқҳои маҳбусон



Дар Тоҷикистон амалисозии лоиҳаи нав таҳти унвони «ҲИИФМСМТ: Ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии маҳбусон ва собиқ маҳбусон дар Тоҷикистон» оғоз мегардад.

Лоиҳа ҳадаф дорад ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии яке аз гурӯҳҳои маҳруми аҳолӣ – занони маҳбус ва собиқ маҳбусони ҳарду ҷинсро тавассути афзоиши ҷалби онҳо ба фаъолиятҳои омӯзишӣ ва истеҳсолӣ дар дохили маҳбасҳо ва фароҳам овардани машваратҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ, омӯзишҳо доир ба рушди инфиродӣ ва машваратҳои марбут ба роҳнамоии касбӣ барои шомилсозии муҷаддади иҷтимоии онҳо тақвият бахшад.

Ҳамчунин дар доираи амалисозии лоиҳа ба занону мардони маҳбус машваратҳои ҳуқуқиву равонӣ пешниҳод гардида, оид ба рушди инсонӣ ва минбаъд ҳамгиройии онҳо ба ҳаёти ҷомеа тренингҳо гузаронида мешаванд.

Лоиҳа дар шаҳри Норак (маҳбаси занонаи №3) ва дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа (бо собиқ маҳбусон) дар давоми 24 моҳ амалӣ карда мешавад.

Лоиҳа дар доираи барномаи «Санади аврупоӣ барои демократия ва ҳуқуқи инсон» (САДҲИ) аз ҷониби намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дастгирӣ шудаааст. Он аз ҷониби Ниҳоди ҳамкориҳои байналмиллалии Ассосиатсияи олмонии таҳсилоти калонсолон (dvv international) якҷоя бо ду шарики маҳаллӣ – Идораи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун ва СҒҲ «Ҷаҳон» татбиқ карда мешавад. Лоиҳа аз ҷониби Комиссияи Аврупо (75%) ва Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон (25%) маблағгузорӣ карда мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное