Лоиҳаи нави ИА дар Тоҷикистон оид ба тақвияти ҳуқуқҳои маҳбусон

Дар Тоҷикистон амалисозии лоиҳаи нав таҳти унвони «ҲИИФМСМТ: Ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии маҳбусон ва собиқ маҳбусон дар Тоҷикистон» оғоз мегардад. Лоиҳа ҳадаф дорад ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии яке аз гурӯҳҳои маҳруми аҳолӣ – занони маҳбус ва собиқ маҳбусони ҳарду ҷинсро тавассути афзоиши ҷалби онҳо ба фаъолиятҳои омӯзишӣ ва истеҳсолӣ дар дохили маҳбасҳо ва […]

ASIA-Plus



Дар Тоҷикистон амалисозии лоиҳаи нав таҳти унвони «ҲИИФМСМТ: Ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии маҳбусон ва собиқ маҳбусон дар Тоҷикистон» оғоз мегардад.

Лоиҳа ҳадаф дорад ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии яке аз гурӯҳҳои маҳруми аҳолӣ – занони маҳбус ва собиқ маҳбусони ҳарду ҷинсро тавассути афзоиши ҷалби онҳо ба фаъолиятҳои омӯзишӣ ва истеҳсолӣ дар дохили маҳбасҳо ва фароҳам овардани машваратҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ, омӯзишҳо доир ба рушди инфиродӣ ва машваратҳои марбут ба роҳнамоии касбӣ барои шомилсозии муҷаддади иҷтимоии онҳо тақвият бахшад.

Ҳамчунин дар доираи амалисозии лоиҳа ба занону мардони маҳбус машваратҳои ҳуқуқиву равонӣ пешниҳод гардида, оид ба рушди инсонӣ ва минбаъд ҳамгиройии онҳо ба ҳаёти ҷомеа тренингҳо гузаронида мешаванд.

Лоиҳа дар шаҳри Норак (маҳбаси занонаи №3) ва дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа (бо собиқ маҳбусон) дар давоми 24 моҳ амалӣ карда мешавад.

Лоиҳа дар доираи барномаи «Санади аврупоӣ барои демократия ва ҳуқуқи инсон» (САДҲИ) аз ҷониби намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дастгирӣ шудаааст. Он аз ҷониби Ниҳоди ҳамкориҳои байналмиллалии Ассосиатсияи олмонии таҳсилоти калонсолон (dvv international) якҷоя бо ду шарики маҳаллӣ – Идораи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун ва СҒҲ «Ҷаҳон» татбиқ карда мешавад. Лоиҳа аз ҷониби Комиссияи Аврупо (75%) ва Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон (25%) маблағгузорӣ карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.