Таҷлили солгарди навбатии хурӯҷи Артиши шӯравӣ аз Афғонистон дар Душанбе



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба баргузор кардани чорабиниҳо дар пойтахт бахшида ба 25-умин солгарди хурӯҷи нерӯҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон иҷозат дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, ин чорабиниҳо аз соати 8 то 10-и рӯзи 15-уми феврал дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко доир мегарданд.

Раиси пойтахт ба мақомоти раҳбарии ҳукумати ноҳияи Сино, Иттиҳоди ҷанговарони интернатсионалисти ҶТ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар макони баргузории чорабиниҳо дастуру супоришҳо додааст.

spot_imgspot_img

Популярное