Боздиди маърӯзачии махсуси СММ аз палатаи поёнии парлумон

Рӯзи 11-уми феврали соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров маърӯзачии махсус оид ба масъалаҳои шиканҷа, Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Хуан Мендез ва ҳамроҳони ӯро ба ҳузур пазируфт. Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов, дар ҷараёни мулоқот масъалаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ниҳоди байналмилалӣ […]

ASIA-Plus


Рӯзи 11-уми феврали соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров маърӯзачии махсус оид ба масъалаҳои шиканҷа, Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Хуан Мендез ва ҳамроҳони ӯро ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов, дар ҷараёни мулоқот масъалаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ниҳоди байналмилалӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров иброз намуд, киҶумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ оид ба муқобилият бар зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои ғайриинсониро ба тасвиб расонида, пайваста дар амалӣ намудани он кӯшиш менамояд.

Зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров ба намояндаи СММ дар бораи қонунҳои қабулшуда дар Тоҷикистон дар ин самт баҳри беҳбуди шароити будубоши маҳбусон, риояи ҳуқуқҳои онҳо, нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба пешгирии шиканҷа ва риояи ҳуқуқи инсон дигар масоили ин бахш маълумоти муфассал дод.

Маърӯзачии махсус оид ба масъалаҳои шиканҷа, Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Хуан Мендез омодагии ин созмони байналмилалиро барои густариши ҳарчи бештари муносибот бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта, таъкид намуд, ки ин ниҳод дар ин замина барои давлати ҷавони Тоҷикистон тамоми кӯмакҳоро дареғ нахоҳад дошт.

Хуан Мендез дар анҷоми сӯҳбатҳои худ таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар кишвари худ қадамҳои устувор бардоштааст ва мо умедворем, ки ин иқдоми давлати Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.