Давраҳои омӯзишии МТБ барои намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ

Намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон, ҳамчунин, омӯзгорон ва донишҷӯёни бахшҳои нассоҷӣ ва мӯд бо иштирок дар ду давраи омӯзишии дурӯзаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе дониши худро дар мавриди роҳҳои дарёфт ва хариди маводи хом амиқтар мегардонанд. Тавре аз МТБ хабар доданд, нахустин давраи ин силсилаи омӯзишҳо, имрӯз, 12-уми феврал, […]

ASIA-Plus



Намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон, ҳамчунин, омӯзгорон ва донишҷӯёни бахшҳои нассоҷӣ ва мӯд бо иштирок дар ду давраи омӯзишии дурӯзаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе дониши худро дар мавриди роҳҳои дарёфт ва хариди маводи хом амиқтар мегардонанд.

Тавре аз МТБ хабар доданд, нахустин давраи ин силсилаи омӯзишҳо, имрӯз, 12-уми феврал, дар шаҳри Хуҷанд, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд оғоз ёфт. Давраи омӯзишии дуввум рӯзҳои 18-ум ва 19-уми феврал дар шаҳри Душанбе, дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ин давраҳои омӯзишӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи нави МТБ – “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” гузаронида мешаванд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Мушовири байнулмилалии МТБ Эшли Чунг иштирокдорони ҳар ду давраро бо асосҳои занҷираи харид ва таҳвили маводи хом бо таваҷҷӯҳи вижа ба роҳу усулҳои самаранок ва муосири дарёфти тавлидгарони маводи хоми лозима ва муайян кардани сифати маҳсулоти онҳо шинос менамояд. Иштирокдорони давраҳо, ҳамчунин, бо занҷираи ҷаҳонии таҳвили маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ва  даҳгонаи аввали кишварҳои содиркунандаи матоъ ошноӣ пайдо карда, дар бораи талаботи умумӣ ва шартҳои бастани қарордодҳои байнулмилалии тиҷоратӣ маълумот хоҳанд гирифт.

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.