Ташрифи фармондеҳи Қушӯнҳои хушкигарди Артиши ИМА ба Тоҷикистон

Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Фармондеҳии марказии ИМА (ARCENT) генерал-лейтенант Ҷеймс Терри дирӯз бо мақсади муҳокимаи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масоили амният бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми сафари хеш генерал Терри бо сафири ИМА дар Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Фармондеҳии марказии ИМА (ARCENT) генерал-лейтенант Ҷеймс Терри дирӯз бо мақсади муҳокимаи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масоили амният бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми сафари хеш генерал Терри бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт мулоқот намуд.  Дар рафти мулоқот онҳо масоили марбут ба ҳамкории бефосилаи ҳарбӣ байни ИМА ва ҶТ, минҷумла ҳамкории Қӯшунҳои хушкигарди Фармондеҳии марказӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд.  

Гуфта мешавад, генерал Терри ва ашхоси баландмақоми ҳарбӣ инчунин саҳми Қӯшунҳои хушкигарди Фармондеҳии марказиро дар таъмини сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ қайд намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.