Ташхиси забоншиносии маводи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» (Неинтеллигентно об интеллегенции)-ро се коршиносе гузаронидаанд, ки ду тан аз онҳо ягон шаҳодатнома дар бораи донистани забони русиро надоранд.
Чанде қабл дар суди ноҳияи Фирдасии пойтахт таҳти раёсати Сурайё Ҷобирова баррасии даъвои панҷ иттиҳодияи эҷодӣ ва се шахси воқеӣ нисбати нашрияи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина
идома ёфт.
Дар мурофиа коршиносони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумат, ки ташхиси забоншиносии мақоларо доир намудаанд, ҳузур доштанд. Маълум гардид, ки дар муддати як ҳафта онро се нафар – мудири шуъбаи ташхиси забоншиносии Кумита Маҳмад Муродов, сармутахассиси шуъба Х.Шодиев ва доктори улуми педагогӣ, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Гулчеҳра Ҳоҷиматова баргузор намудаанд. Аз нигоҳи касбӣ танҳо як нафар – Хоҷиматова ба забони русӣ муносибат дорад, ки ба гуфтаи худаш, ба ӯ декан супориш додааст, ки дар ташхис иштирок кунад.
Сарфи назар аз муносибат надоштани ду нафари дигар ба забони русӣ, андешаи ҳар се баробар ба инобат гирифта шуда, бо назардошти он матни хулосавӣ таҳия гардидааст. Ҳамчунин зимни мурофиа маълум шуд, ки ҳеҷ кадоме аз коршиносон аз методҳои баргузор намудани ташхиси забоншиносии матн огаҳ нест.
Қобили зикр аст, ки дар ин мурофиа аз ҷониби намояндаи даъвогарон бо имзои президенти нави Академияи илмҳои ҶТ Фарҳод Раҳимов санаде пешниҳод шуд, ки мутобиқи он, ӯ даъвои мазкуррро дастгирӣ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, дар анҷоми мурофиаи судӣ суд ғайримунтазира барои ҷониби ҳимоя музокироти ҷонибҳоро ба санаи 13-уми феврал таъин кард. Бидуни назардошти изҳороти ҷониби ҳимоя оид ба то ҳанӯз мавҷуд будани дархостҳо ва ҳоло омода набудан ба музокирот, судя қарори худро бетағйир боқӣ гузошт.
Ёдрас мекунем, ки дар робита ба нашри мавод дар ҳафтавори «Азия-Плюс» «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён»
(Неинтелегентно об интеллигенции)
аз ҷониби муҳаррир даъвогарон аз суд дархост кардаанд, ки газетаи «Азия-Плюс» ва муаллифи матлаб Олга Тутубалинаро ба инкори маълумоти пастзанадаи шаъну эътибор, маъзарат хостан барои нашри матлаб, таъини ташхиси судии лингвистӣ, рӯёнидани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ аз газета ва муаллифи матлаб барои зарари маънавӣ ва ҳабси амволи манқул ва ғайриманқули Олга Тутубалина уҳдадор созад.



