«БиоПапа»: Мо обрӯи худро зери шубҳа гузоштанӣ нестем

Намояндагони озмоишгоҳи тиббии «БиоПапа»-и шаҳри Маскав изҳороти роҳбари Агентии зиддифасоди Тоҷикистон дар бораи маълумоти бардурӯғ додан аз ҷониби озмоишгоҳро рад намуда, тавассути ВКХ Русия аз болои ин изҳорот шикоят бурданианд. Намояндаи озмоишгоҳ Лилия Лазарева дар онлайн-конфронс ба журналистони тоҷик иттилоъ додааст, ки онҳо ба тасдиқи саҳеҳияти хулосаи худ омода буда, ин натиҷаҳоро метавон дар ҳама […]

Рамзия Мирзобекова



Намояндагони озмоишгоҳи тиббии «БиоПапа»-и шаҳри Маскав изҳороти роҳбари Агентии зиддифасоди Тоҷикистон дар бораи маълумоти бардурӯғ додан аз ҷониби озмоишгоҳро рад намуда, тавассути ВКХ Русия аз болои ин изҳорот шикоят бурданианд.

Намояндаи озмоишгоҳ Лилия Лазарева дар онлайн-конфронс ба журналистони тоҷик иттилоъ додааст, ки онҳо ба тасдиқи саҳеҳияти хулосаи худ омода буда, ин натиҷаҳоро метавон дар ҳама гуна озмоишгоҳи дигари саросари ҷаҳон дубора тафтиш кард, зеро ДНК-и инсон тӯли тамоми ҳаёташ тагйир намеёбад ва аз ин рӯ, тағйир додани он ҳам ғайриимкон мебошад.

Ба гуфтаи Лазарева, 17-уми августи соли гузашта як шахс бидуни ифшои ному насаб ба онҳо муроҷиат карда, дар дока хуни се нафарро пешниҳод ва дархост кардааст, ки барои суд онро ташхис намоянд, вале чун дар ин бора таъиноти суд набудааст, онҳо баргузории ташхисро рад карда, доир кардани санҷиши маълумотномавиро пешниҳод кардаанд ва он шахс розӣ шуда, дар муддати кӯтоҳ ин санҷиш гузаронида шудааст. «Ин ташхис нишон дод, ки эҳтимоли модарии зан ба фарзанд тасдиқ, вале эҳтимоли падарии мард ба фарзанд тасдиқ намешавад», – иброз доштааст ӯ.

Дар идома номбурда зикр кардааст, ки адвокатҳои соҳибкор ба онҳо иттилоъ додаанд, ки дар маводи парванда зикр мегардад, ки «эҳтимоли падарӣ истинно нест». «Бояд гуфт, ки чунин тарзи ифода дар ин гуна хулосаҳо истифода намешавад. Дар хулосаҳои мо чунин ифодаҳо дода мешаванд: «эҳтимоли падарӣ амалан собит шуд» ё «собит нашуд», – изҳор кардааст Лазарева.

Ба гуфтаи намояндаи озмоишгоҳ, изҳороти Ф.Саидов ба обрӯву нуфузи озмоишгоҳ зиён оварда, онҳо бо мактуб ба ВКХ Русия муроҷиат хоҳанд кард, то ки тавассути онҳо норозигии худро изҳор намоянд.

«Озмоишгоҳи мо дар бозор соҳиби обрӯву нуфуз аст ва мо ҳеҷ гоҳ барои як ҳодиса нуфузи худро зери шубҳа гузоштанӣ нестем. Бинобар ин, мо ба исботи саҳеҳияти натиҷаҳои худ дар ҳама гуна озмоишгоҳ омодаем», – таъкид доштааст Лазарева.

Дар фарҷом Лазарева илова намудааст, ки «агар мақомоти суд ва тафтишот ба барқарор кардани ҳақиқат дар қазия бо ташхиси ДНК манфиатдор бошанд, мо омодаем, ки бо дархости кадом ҷонибе, ки набошад, дар суд ба сифати шоҳид баёнот диҳем».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4-уми феврали соли равон зимни нишасти хабарӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Фаттоҳ Саидов дар робита ба ин масъала

изҳор намуда буд

, ки «он замон адвокатҳои Саидов хоҳиш карданд, ки барои муайян кардани эҳтимоли падарии З.Саидов нисбати кӯдаки даъвогар ташхиси ДНК гузаронида шавад, вале чун қонун ба адвокатҳо мустақилона баргузор кардани чунин амалҳоро манъ мекунад, мо расман ба озмоишгоҳи зикршудаи Маскав муроҷиат намудем ва расман посух гирифтем, ки эҳтимолии падарии З.Саидов 99,9% мувофиқ аст».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.