Баррасии масоили баргузории амалиёти муштараки мақомоти зиддимухаддиротии Тоҷикистону Афғонистон



Рӯзи 11-уми феврали соли 2014 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров бо Александр Сичёв – намояндани минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии мазкур, директори Агентӣ Р. Назаров ба меҳмон нисбати вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюли паст рафтани миқдори мусодираи героин ва боло рафтани мусодираи ҳашиш дар қаламрави Тоҷикистон, хусусан дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон нақл намуд.

Дар рафти сӯҳбати пурмӯҳтаво инчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва мубориза бар зидди маводи нашъаовари Афғонистон дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва гузаронидани амалиётҳои муштарак дар чорчӯбаи барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Роҳбари Агентӣ Раёсати Созмони Милали Муттаҳидро барои расонидани кӯмаки амалӣ дар масъалаи омӯзиши мутахассисони сагпарварӣ, такмил додани омодагии касбии кормандони оперативии Агентӣ арзи сипос намуд.

Дар рафти сӯҳбат чорабиниҳои байналмиллалии пешгирикунанда, ба монанди чорабинии зиддимухаддиротӣ дар вилояти Боткани Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон бо иштироки фаъоли аҳолии минтақаи наздисарҳадӣ, инчунин дар бозорҳои наздисарҳадии “Ишкошим” дар ноҳияи Ишкошим ва “Тем” дар шаҳри Хоруғ бо иштироки аҳолии Афғонистон баланд арзёбӣ гардид.

 Қайд гардид, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо на танҳо ба пешгирии нашъамандӣ ва қочоқи маводи маводи нашъаовар, балки ба мустаҳкам намудани ризоияти байни миллатҳо ва ҳамдигарзистӣ мусоидат хоҳад намуд.

Тарафҳо инчунин масъалаҳои фаъолияти Маркази минтақавии иттилотии Осиёи Миёна оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, маводҳои психотропӣ ва прекурсорҳоро (ЦАРИКЦ), инчунин ҳамкории Марказро бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ муҳокима намуданд.

Инчунин тарафҳо аҳамият ва саривақтии мулоқоти “Муколамаи Душанбе”-ро, ки охири моҳи ноябри соли гузашта бо иштироки роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии дувоздаҳ кишвар шуда гузашт, баланд арзёбӣ намуданд.

Александр Сичёв қайд намуд, ки ин чорабинии муҳим ҳамкории кишварҳоро ба сатҳи боз ҳам баланди сифатнок хоҳад бардошт. “Хурсандиовар аст, ки ин мулоқоти аввалинро тарафи Тоҷикистон бо ташаббуси худ гузаронид” – гуфт А.Сичёв.

Инчунин муаррифиномаи минбаъдаи “Шарҳи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013”, ки гузаронидани он 17 марти соли ҷорӣ дар қароргоҳи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Вена ба нақша гирифта шудааст, муҳокима гардид.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.

spot_imgspot_img

Популярное