Рамазон Раҳимов алҳол бо журналистон вохӯрда наметавонад

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷӯҳи роҳбарони Расонаҳои ахбори омма ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дархост оиди вохӯрӣ бо Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов истиқбол намуда, талош менамояд, ки пайваста бо онҳо дар иртибот бошад. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, айни замон Вазири корҳои дохилии кишвар дар […]

ASIA-Plus



Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷӯҳи роҳбарони Расонаҳои ахбори омма ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дархост оиди вохӯрӣ бо Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов истиқбол намуда, талош менамояд, ки пайваста бо онҳо дар иртибот бошад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, айни замон Вазири корҳои дохилии кишвар дар сафари хизматӣ дар вилояти Суғд қарор дошта, баъди сафар ин масъала бо Вазири корҳои дохилӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи он тавассути сомонаи Вазорат маълумот пешниҳод мешавад.

Гуфта мешавад, роҳбарияти Вазорат аз робитаи мутақобилан судманди рӯзноманигорон ва инъикоси воқеъбинонаи ҳодисаву рӯйдодҳо аз ҷониби эшон изҳори сипос намуда, боварӣ дорад ин ҳамкорӣ дар оянда низ, бо мақсади таҳкими қонуният, таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеа тақвият меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.