Зодаи Тоҷикистон Суҳбат Ҳайдарализода планшети дар Сочи гумшудаи хабарнигори ИТАР-ТАСС-ро ба соҳибаш баргардонид.
Бино ба иттилои «Евронюс», зимни бартараф кардани мушкилот дар низоми таъмини об ва обу корез дар иншооти олимпии шаҳри Сочи С.Ҳайдарализода дар яке аз биноҳо планшет дарёфт мекунанд ва тасмим мегирад, ки онро ҳатман бояд ба соҳибаш баргардонад.
«Бо истифода аз планшет ӯ бо хешовандони соҳиби он дар тамос шуда, огоҳ мегардад, ки молики планшет рӯзноманигори хабаргузории ИТАР-ТАСС аст», – менависад нашрия.
«Хушбахтона, компютери шумо бо рамз (парол) «баста» набуд, – ҳикоят кардааст ӯ. – Албатта, ман бояд онро намекушодам, лекин дигар роҳ надоштам, чунки ӯро баргардонидан зарур буд. Охир он барои кор лозим аст. Ин кор аз рӯи инсоф аст».
Баъди чанде ба зани рӯзноманигор аз Маскав занг зада, хабар медиҳанд, ки компютери кории ӯ дарёфт шудааст. Дар «ҳавлии тарабхона»-и маркази матбуотӣ, ки ҳамеша серодаму пур аз рӯзноманигорон аст, зодаи Тоҷикистон бо рӯзноманигор вохӯрда, планшеташро ба ӯ супурдааст.



