Планшети дар Сочи гумшудаи хабарнигорро тоҷикистонӣ ба соҳибаш баргардонид

Зодаи Тоҷикистон Суҳбат Ҳайдарализода планшети дар Сочи гумшудаи хабарнигори ИТАР-ТАСС-ро ба соҳибаш баргардонид. Бино ба иттилои «Евронюс», зимни бартараф кардани мушкилот дар низоми таъмини об ва обу корез дар иншооти олимпии шаҳри Сочи С.Ҳайдарализода дар яке аз биноҳо планшет дарёфт мекунанд ва тасмим мегирад, ки онро ҳатман бояд ба соҳибаш баргардонад. «Бо истифода аз планшет […]

ASIA-Plus



Зодаи Тоҷикистон Суҳбат Ҳайдарализода планшети дар Сочи гумшудаи хабарнигори ИТАР-ТАСС-ро ба соҳибаш баргардонид.

Бино ба иттилои «Евронюс», зимни бартараф кардани мушкилот дар низоми таъмини об ва обу корез дар иншооти олимпии шаҳри Сочи С.Ҳайдарализода дар яке аз биноҳо планшет дарёфт мекунанд ва тасмим мегирад, ки онро ҳатман бояд ба соҳибаш баргардонад.

«Бо истифода аз планшет ӯ бо хешовандони соҳиби он дар тамос шуда, огоҳ мегардад, ки молики планшет рӯзноманигори хабаргузории ИТАР-ТАСС аст», – менависад нашрия.

«Хушбахтона, компютери шумо бо рамз (парол) «баста» набуд, – ҳикоят кардааст ӯ. – Албатта, ман бояд онро намекушодам, лекин дигар роҳ надоштам, чунки ӯро баргардонидан зарур буд. Охир он барои кор лозим аст. Ин кор аз рӯи инсоф аст».

Баъди чанде ба зани рӯзноманигор аз Маскав занг зада, хабар медиҳанд, ки компютери кории ӯ дарёфт шудааст. Дар «ҳавлии тарабхона»-и маркази матбуотӣ, ки ҳамеша серодаму пур аз рӯзноманигорон аст, зодаи Тоҷикистон бо рӯзноманигор вохӯрда, планшеташро ба ӯ супурдааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.