Дар шарҳи масъалаи аз ҷониби президенти ҷумҳурӣ, раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
имзо шудани қарор
дар бораи аз пардохти андоз озод шудани сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», вакили парлумон, раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов изҳор намуд, ки бе розигии палатаи поёнии парлумон ҳукумат ва президенти Тоҷикистон яктарафа ба озод кардани ин ё он корхона, ширкат ё ба истилоҳи дигар субъекти хоҷагидор аз андозсупорӣ ҳуқуқ надоранд. Дар қарори дар ихтиёри ОИ «Азия-Плюс» қароргирифта санаи 3-юми январи соли 2014 дарҷ ёфтааст.
«Тамоми масъалаҳои марбут ба қисмати даромад ё хароҷоти буҷети давлатии кишвар, бахусус масъалаи аз пардохти андоз озод шудани ҳама гуна субъекти хоҷагидор бояд аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқ карда шаванд», – иброз дошт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, аз Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумон ба ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала иттилоъ доданд, ки пешниҳоди президент дар бораи аз пардохти андоз озод кардани сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» то ҳанӯз барои баррасӣ ба онҳо нарасидааст.



