Шабдолов: Бе розигии парлумон ҳукумат ва президент касеро аз андозсупорӣ озод карда наметавонанд

Дар шарҳи масъалаи аз ҷониби президенти ҷумҳурӣ, раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо шудани қарор дар бораи аз пардохти андоз озод шудани сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», вакили парлумон, раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов изҳор намуд, ки бе розигии палатаи поёнии парлумон ҳукумат ва президенти Тоҷикистон яктарафа ба озод кардани ин ё он корхона, ширкат ё ба истилоҳи […]

Аваз Юлдошев



Дар шарҳи масъалаи аз ҷониби президенти ҷумҳурӣ, раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

имзо шудани қарор

дар бораи аз пардохти андоз озод шудани сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», вакили парлумон, раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов изҳор намуд, ки бе розигии палатаи поёнии парлумон ҳукумат ва президенти Тоҷикистон яктарафа ба озод кардани ин ё он корхона, ширкат ё ба истилоҳи дигар субъекти хоҷагидор аз андозсупорӣ ҳуқуқ надоранд. Дар қарори дар ихтиёри ОИ «Азия-Плюс» қароргирифта санаи 3-юми январи соли 2014 дарҷ ёфтааст.

«Тамоми масъалаҳои марбут ба қисмати даромад ё хароҷоти буҷети давлатии кишвар, бахусус масъалаи аз пардохти андоз озод шудани ҳама гуна субъекти хоҷагидор бояд аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқ карда шаванд», – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, аз Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумон ба ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала иттилоъ доданд, ки пешниҳоди президент дар бораи аз пардохти андоз озод кардани сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» то ҳанӯз барои баррасӣ ба онҳо нарасидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.