Мутобиқи фармони вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саидов, толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ то ахири моҳи апрел бидуни рӯзи истироҳат ҳафт рӯз дар як ҳафта таҳсил мекунанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси Раёсати маълумоти мактабӣ ва томактабии Вазорати мазкур Зулфия Сафарова хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин фармон ҳанӯз 3 феврал ҳамзамон бо фармон дар бораи дароз шудани таътили толибилмону донишҷӯён
то 10-уми феврал
бинобар сабаби сармои шадид содир гардида буд.
«Чун дар ин рӯзҳо толибилмону донишҷӯён аз барномаи таълим қафо монданд, мувофиқи фармони вазир соатҳои дарсии мавқуфмонда дар машғулиятҳои иловагӣ давоми нимсолаи дуюм гузаронида мешаванд, ки аз ҳисоби ҳафт рӯзи таҳсил дар як ҳафта то ахири моҳи апрел анҷом дода мешавад. Аммо ҳар як муассисаи таълимӣ вобаста ба шароити обуҳаво доир ба ҷадвали машғулиятҳои иловагӣ мустақилона фармон содир мекунад. Масалан, дар Душанбе шояд аллакай обуҳаво гарм шавад, вале дар дигар минтақаҳо сармо ҳоло идома меёбад. Аз ин рӯ, ҳамааш ба обуҳаво вобаста аст. Муҳимаш он аст, ки барномаи таълим то ахири моҳи апрел ба иҷро расонида шавад», – шарҳ дод Зулфия Сафарова.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки хонандагони синфҳои ибтидоӣ рӯзи якшанбе таҳсил накарда, танҳо рӯзи шанбе бо машғулиятҳои иловагӣ фаро гирифта мешаванд, вале хонандагони синфҳои болоӣ, толибилмони муассисаҳои таълимии миёнаи махсус ва макотиби олӣ то ахири моҳи апрел ҳафт рӯз дар як ҳафта таҳсил хоҳанд кард.



