Толибилмону донишҷӯён то моҳи май бидуни истироҳат таҳсил мекунанд

Мутобиқи фармони вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саидов, толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ то ахири моҳи апрел бидуни рӯзи истироҳат ҳафт рӯз дар як ҳафта таҳсил мекунанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси Раёсати маълумоти мактабӣ ва томактабии Вазорати мазкур Зулфия Сафарова хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин фармон ҳанӯз […]

ASIA-Plus



Мутобиқи фармони вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саидов, толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ то ахири моҳи апрел бидуни рӯзи истироҳат ҳафт рӯз дар як ҳафта таҳсил мекунанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси Раёсати маълумоти мактабӣ ва томактабии Вазорати мазкур Зулфия Сафарова хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин фармон ҳанӯз 3 феврал ҳамзамон бо фармон дар бораи дароз шудани таътили толибилмону донишҷӯён

то 10-уми феврал

бинобар сабаби сармои шадид содир гардида буд.

«Чун дар ин рӯзҳо толибилмону донишҷӯён аз барномаи таълим қафо монданд, мувофиқи фармони вазир соатҳои дарсии мавқуфмонда дар машғулиятҳои иловагӣ давоми нимсолаи дуюм гузаронида мешаванд, ки аз ҳисоби ҳафт рӯзи таҳсил дар як ҳафта то ахири моҳи апрел анҷом дода мешавад. Аммо ҳар як муассисаи таълимӣ вобаста ба шароити обуҳаво доир ба ҷадвали машғулиятҳои иловагӣ мустақилона фармон содир мекунад. Масалан, дар Душанбе шояд аллакай обуҳаво гарм шавад, вале дар дигар минтақаҳо сармо ҳоло идома меёбад. Аз ин рӯ, ҳамааш ба обуҳаво вобаста аст. Муҳимаш он аст, ки барномаи таълим то ахири моҳи апрел ба иҷро расонида шавад», – шарҳ дод Зулфия Сафарова.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки хонандагони синфҳои ибтидоӣ рӯзи якшанбе таҳсил накарда, танҳо рӯзи шанбе бо машғулиятҳои иловагӣ фаро гирифта мешаванд, вале хонандагони синфҳои болоӣ, толибилмони муассисаҳои таълимии миёнаи махсус ва макотиби олӣ то ахири моҳи апрел ҳафт рӯз дар як ҳафта таҳсил хоҳанд кард.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.