Як зумра раисони шаҳру навоҳии Суғд ному насабашонро иваз карданд



Як зумра раисони шаҳру навоҳии вилояти Суғд ному насабашонро иваз карданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, аз ин ба баъд роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Ғиёсов Рустам Раҳматуллоевич – Рустами Раҳматулло, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов – Аҳмадзода Раҷаббой, раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидов – Зоҳидзода Даврони Абдуқодир, раиси шахри Конибодом Нуъмон Обидов – Обидзода Нуъмони Йулдош, раиси шаҳри Истаравшан Иброҳим Абдуллоев – Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ, раиси шахри Панҷакент Хисрав Абдуназаров – Хисрави Абдуназар ва раиси ноҳияи Ғончӣ Зуфар Исмоилов – Исмоилзода Зуфар Муртазохон номида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки танҳо моҳи январи соли равон 590 нафар шаҳрвандон ному насабашонро иваз карданд. Соли гузашта 4 ҳазор сокинони вилояти Суғд барои ивази ному насаб ба шуъбаҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд.

Чанде қабл вазири тандурустии Тоҷикистон низ ному насабашро ба шакли номгузории тоҷикӣ иваз кард. Акнун Салимов Нусратулло Файзуллоевич аз рӯи ҳуҷҷатҳо Нусратуллои Файзулло номида мешавад.

Қобили зикр аст, ки моҳи марти соли 2007 пас аз ивази ному насаби худ аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон президенти кишвар аз сокинони ҷумҳурӣ даъват кард, ки ба ӯ пайравӣ кунанд. Он замон як гурӯҳи муайяни мансабдорони давлатӣ ин даъватро пазируфта, ному насаби худро тағйир доданд.  

Аввали моҳи январи соли равон прокурори генералии Тоҷикистон шерхон Салимзода дар як мақолаи худ дар нашрияи ҳукуматии «Ҷумҳурият» аз коҳиши рӯҳияи ватандӯстӣ миёни ҷавонони кишвар ва аз коҳиши ивази ному насаб ба шакли тоҷикӣ миёни шаҳрвандон

изҳори нигаронӣ намуд.

Пас аз ин ҷараёни ивази ному насаб ба шакли тоҷикӣ бештар тақвият ёфт.

Акнун раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев – Самӣ Шариф, директори Агентии зиддифасод Фаатоҳ Саидов – Абдуфаттоҳи Ғойиб, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофова – Гавҳар Шарофзода ва вазири кишоварзии ҶТ Қосим Қосимов – Қосими Раҳбар номида мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное