Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – 15 феврал дар бинои Раёсати БДА ВКД ҶТ (кӯч. Ҷ. Расулов, 69) оид ба фурӯши рақамҳои давлатии силсилаи ВМ минтақаи 01 музояда доир мегардад. Оғоз соати 09:00; – 15 феврал Иттифоқи ҷанговарони –  интернатсионалистони Тоҷикистон дар назди муҷассамаи Александр Мироненко ба муносибати 25-умин солагрди хурӯҷи Артиши Шӯравӣ аз Афғонистон чорабинӣ баргузор мекунад. Оғоз […]

ASIA-Plus



Анонс


– 15 феврал

дар бинои Раёсати БДА ВКД ҶТ (кӯч. Ҷ. Расулов, 69) оид ба фурӯши рақамҳои давлатии силсилаи ВМ минтақаи 01 музояда доир мегардад. Оғоз соати 09:00;


– 15 феврал

Иттифоқи ҷанговарони –  интернатсионалистони Тоҷикистон дар назди муҷассамаи Александр Мироненко ба муносибати 25-умин солагрди хурӯҷи Артиши Шӯравӣ аз Афғонистон чорабинӣ баргузор мекунад. Оғоз соати 08:00. Соати 11:00 дар Филармонияи давлатӣ ба ин муносибат консерт барпо мешавад.



Қурби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.8007

сомонӣ;


1

евро

– 6.5118

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1385

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих


15 феврал


1937

– Зодрӯзи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов.


1937

– Мавлуди журналист Мазҳабшо Муҳаббатшоев.


1945

– Зодрӯзи арбоби давлатӣ, дипломат Рамазон Мирзоев.


1946

– Мавлуди Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун.


1947

– Зодрӯзи актёри театру кино Исфандиёр Ғуломов.


1962

– Мавлуди журналист Мухтор Боқизода, муассис ва сардабири газетаи «Нерӯи сухан».


16 феврал


2005

– Таъсиси ҶСК «НОБ-и Сангтӯда-1»-и Русияву Тоҷикистон.

1954 – Зодрӯзи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии маъруф ва сиёсатмадор.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -7-12, рӯзона -1+4, дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона 0+5.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -9-14, рӯзона -2+3, дар доманакӯҳҳо шабона -13-18, рӯзона -1-6.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -8-10, рӯзона 0+5, дар доманакӯҳҳо шабона -12-17, рӯзона -1-6.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -10-15, рӯзона 0-5;  дар шарқи вилоят шабона -18-23, рӯзона -6-11.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона -1-5, рӯзона +1+3.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона -2-7, рӯзона 0+4.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона -1-4, рӯзона +2+6.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -2+1, рӯзона 0+2.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 257 баробар афзуд

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.