Тасҳеҳ: Айбдоршаванда дар қаллобӣ писархонди генерал Орипов нест



– Айбдоршаванда дар содир намудани амалҳои қаллобӣ Оятулло Саидов писархонди собиқ муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Нурулло Орипов нест ва ин маълумот дар пайи ба иштибоҳ роҳ додани ман пайдо шуд, – гуфт ба ОИ «Азия-Плюс» Мавлудхон Салиҳов, раиси Маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

«Тибқи маълумоти тасҳеҳшуда, Оятулло Саидов ба оилаи Ориповҳо ҳеҷ муносибате надорад ва дар маводи парванда ин алоқамандӣ дар ҳеҷ ҷойе зикр нашудааст. Ҳеҷ кадоме аз даъвогарон аз рӯи ин парванда нисбати Саидов дар бораи худро писархонди муовини аввали вазири корҳои дохилӣ муаррифӣ кардани ӯ баёнот надодааст», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, танҳо худи айбдоршаванда барои ба боварии шаҳрвандон даромадан аз номи Орифпов истифода карда, худро писархонди ӯ муаррифӣ мекардааст, то ки минбаъд аз масъулият канор бимонад.

Дар ин робита идораи ОИ «Азия-Плюс» аз генерал-майори милиса Нурулло Орипов барои қаблан нашр шудани хабар бо номи

«Баррасии парвандаи Оятулло Саидов дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ»

маъзарат мехоҳад.

spot_imgspot_img

Популярное