Ба муассиси ҳафтавори «Пайк» бо куштор таҳдид карданд

Нашри мақолае зери номи «Зулми идораи САҲШ ба мардум» дар бораи фаъолияти ин идора дар шаҳри Кӯлоб, ки дар шумораи №7-и ҳафтавори мустақили «Пайк» санаи 12-уми феврали соли равон ба чоп расид, ба ташвишу нигаронии сардабир ва муассиси ҳафтавор Аҳмади Иброҳии боис шуд. Субҳи дирӯз, 14-уми феврал як шахси номаълум (рақами телофнаш маълум аст) ба […]



Нашри мақолае зери номи «Зулми идораи САҲШ ба мардум» дар бораи фаъолияти ин идора дар шаҳри Кӯлоб, ки дар шумораи №7-и ҳафтавори мустақили «Пайк» санаи 12-уми феврали соли равон ба чоп расид, ба ташвишу нигаронии сардабир ва муассиси ҳафтавор Аҳмади Иброҳии боис шуд.

Субҳи дирӯз, 14-уми феврал як шахси номаълум (рақами телофнаш маълум аст) ба рақамҳои дар нашрия зикршуда занг зада, ба Аҳмади Иброҳим таҳдид кардааст, ки ӯро то ҳафтаи оянда мекушад. Ғайр аз ин, шахси зангзада ҳамчунин таҳдид кардааст, ки хешовандону наздикони журналистро низ тинҷу ором нахоҳад гузошт.

Журналист Аҳмади Иброҳим ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ӯ бо ариза дар бораи ин ҳодиса ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳр муроҷиат кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод зикр мекунанд, ки вазъият давоми як шабонарӯз пас аз супориши президент муътадил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.