Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо даъвати раиси парлумони Эрон доктор Алӣ Лоринҷонӣ ба Теҳрон рафт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар пойтахти Эрон ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров дар кори конфронси 9-уми иттиҳодияи парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ, ки рӯзҳои 18-19-уми феврал дар Теҳрон доир мегардад, иштирок мекунад.
«Дар ҷараёни сафар ба Теҳрон дидору гуфтушуниди дуҷонибаи Ш.Зуҳуров бо раиси парлумони Эрон доктор Алӣ Лоринҷонӣ ва намояндагони як қатор парлумонҳои киршварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ва мансабдорони воломақоми Эрон дар назар аст», – изҳор кард М.Султонов.



