Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ сокини пойтахтро боздошт намуданд, ки аз ӯ ҳаҷми калони маводи нашъаовар мусодира гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ба кормандони Агентӣ маълум гардидааст, ки сокини 28-солаи пойтахт Д.Ф. ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар даст задааст.
Дар рафти азназаргузаронии манзили зисти ӯ бо истифодаи саги хизматӣ-кофтуковӣ, бо риояи ҳамаи меъёрҳои протсессуалӣ кормандони Агентӣ аз махфигоҳ се бандчаи селлофанӣ ва як халта дарёфт намуданд, ки дар дохили онҳо маводи растании ранги сабз мавҷуд буд.
Чӣ тавре, ки ташхиси экспертӣ нишон дод, маводи мусодирашуда воситаи нашъадори навъи “бангдона” буда, вазни умумиаш 5 кг-ро ташкил менамояд.
Дар рафти тафтиши пешакӣ маълум гардид, ки дастгиршуда дар давоми умри 28-солааш аллакай доғи судӣ дорад. Пештар ӯ барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба ҷазои ҷиноятӣ ҷалб шуда буд. Аз ҳама ҷолибаш ин аст, ки ӯ ҳамагӣ як моҳ қабл аз ҳабс озод шуда, боз ба “касби” пешинаи худ машғул шуд.
Аз тарафи Шӯъбаи тафтишоти Агентӣ парвандаи ҷиноӣ аз рӯи аломатҳои ҷиноятҳое, ки бо қ 3 моддаи 200 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, оғоз гардидааст.
Айни ҳол ҳамаи ҳолатҳои ҷинояти мазкур муқаррар карда шуда истодааанд. Боздоштшуда ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуд.



