Боздошти сокини пойтахт бо миқдори зиёди маводи мухаддир

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ сокини пойтахтро боздошт намуданд, ки аз ӯ ҳаҷми калони маводи нашъаовар мусодира гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ба кормандони Агентӣ маълум гардидааст, ки сокини 28-солаи пойтахт Д.Ф. ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар даст задааст. Дар рафти азназаргузаронии манзили зисти ӯ бо истифодаи саги […]

ASIA-Plus



Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ сокини пойтахтро боздошт намуданд, ки аз ӯ ҳаҷми калони маводи нашъаовар мусодира гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ба кормандони Агентӣ маълум гардидааст, ки сокини 28-солаи пойтахт Д.Ф. ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар даст задааст.

Дар рафти азназаргузаронии манзили зисти ӯ бо истифодаи саги хизматӣ-кофтуковӣ, бо риояи ҳамаи меъёрҳои протсессуалӣ кормандони Агентӣ аз махфигоҳ се бандчаи селлофанӣ ва як халта дарёфт намуданд, ки дар дохили онҳо маводи растании ранги сабз мавҷуд буд.

Чӣ тавре, ки ташхиси экспертӣ нишон дод, маводи мусодирашуда воситаи нашъадори навъи “бангдона” буда, вазни умумиаш 5 кг-ро ташкил менамояд.

Дар рафти тафтиши пешакӣ маълум гардид, ки дастгиршуда дар давоми умри 28-солааш аллакай доғи судӣ дорад. Пештар ӯ барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба ҷазои ҷиноятӣ ҷалб шуда буд. Аз ҳама ҷолибаш ин аст, ки ӯ ҳамагӣ як моҳ қабл аз ҳабс озод шуда, боз ба “касби” пешинаи худ машғул шуд.

Аз тарафи Шӯъбаи тафтишоти Агентӣ парвандаи ҷиноӣ аз рӯи аломатҳои ҷиноятҳое, ки бо қ 3 моддаи 200 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, оғоз гардидааст.

Айни ҳол ҳамаи ҳолатҳои ҷинояти мазкур муқаррар карда шуда истодааанд. Боздоштшуда ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.