Даргузашти профессор Худойназар Асозода



Субҳи имрӯз доктори улуми филология, профессор, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Худойназар Асозода дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт. Ҷасади ӯро дар оромгоҳи Сари Осиёи шаҳри Душанбе ба хок месупоранд.

Худойназар Асозода 25-уми декабри соли 1941 дар ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Соли 1998 ба узвияти Иттиҳоди нависандагон ва соли 2010 ба аъзогии Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон пазируфта шуд.

Соли 1998 Худойназар Асозода дар Маскав рисолаи докториашро ҳимоя кард. Ӯ муаллифи беш аз 20 китобу корҳои илмии сершуморе мебошад, ки асосан мавзӯи вимагиҳои жанрҳои насри Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистонро дар бар мегиранд. Солҳои 90 –ум ӯ ба омӯзиши се шохаи адабиёти форс пардохт.

Солҳои 2005-2008 Худойназар Асозода ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии омӯгории Тоҷикистон фаъолият намуда буд.

spot_imgspot_img

Популярное