Пахши барномаҳои радиои «Азия-Плюс» тариқи шабакаи Интернет

Душанбе. 18-уми феврал. «Азия-Плюс» — Пахши барномаҳои радиои «Азия-Плюс» мустақиман тариқи шабакаи Интернет бо суроғаи http://www.asiaplusradio.tj ба роҳ монда шуд. Директори генералии шабакаи радиои «Азия-Плюс» Парвона Аҳрорӣ дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳадафи пахши on-line-и барномаҳо тариқи Интернет ба ҳамдиёрон имкон фароҳам овардан ба шунидани барномаҳои радиои ватанӣ дар саросари олам аст. «Дар барномаҳои […]


Душанбе. 18-уми феврал. «Азия-Плюс» — Пахши барномаҳои радиои «Азия-Плюс» мустақиман тариқи шабакаи Интернет бо суроғаи


http://www.asiaplusradio.tj


ба роҳ монда шуд.

Директори генералии шабакаи радиои «Азия-Плюс» Парвона Аҳрорӣ дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳадафи пахши on-line-и барномаҳо тариқи Интернет ба ҳамдиёрон имкон фароҳам овардан ба шунидани барномаҳои радиои ватанӣ дар саросари олам аст.

«Дар барномаҳои радио аз соати 06-и субҳ то 18-и шом хабарҳо дар бораи рӯйдодҳои Тоҷикистон ва хориҷи кишвар ва дигар барномаҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ пешниҳод карда мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, ояндаи наздик ба шунавандагони радио боз як барномаи ҷолиб бо забони тоҷикӣ бахшида ба 90-солагии эълони шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон пешкаш хоҳад гардид.

«Дар ин барнома шореҳон доир ба таърихи таъсис ва рушди пойтахт, афроди маъруфи шаҳри Душанбе, пайдоиши кӯчаву хиёбонҳои нав, рӯйдодҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти рӯзмарраи пойтахт маълумоти қобили таваҷҷуҳ пешниҳод хоҳанд кард», – афзуд Парвона Аҳрорӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.