– Қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар маҳалҳо, ки соли гузашта таъсис ёфта буданд, ба ҳалли мушкилоти аҳолӣ дар минтақаҳои кишвар мусолидат мекунанд, – иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маркази таҳлил ва таблиғоти ҲХДТ Адҳам Мирсаидов.
Ба қавли ӯ, имрӯз қариб дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар қабулгоҳҳои ҷамъиятии ҳизб таъсис дода шуда, дар дафтарҳои кории бахшҳои ҲХДТ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд.
«Агар муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мушкилоти дохилиҳизбӣ вобаста бошад, онҳо бевосита дар худи қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ ҳал мешаванд ва агар муроҷиатҳо ба фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дахл дошта бошанд, дар ин ҳолатҳо намояндагони қабулгоҳ ба таври хаттӣ ба онҳо муроҷиат намуда, мусоидат ба ҳалли мушкилотро дархост мекунанд», – зикр кард Мирсаидов.
Мирсаидов ҳамчунин гуфт, қабулгоҳҳои ҷамъиятии ҲХДТ ба ҷуз рӯзи якшанбе, дар рӯзҳои дигари ҳафта ба қабули шаҳрвандон омодаанд. «Масалан, чанде қабл ба қабулгоҳи ҷамъиятии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Суғд 20 нафар шаҳрвандон ҷиҳати мусоидат ба гирифтани қитъаи замин барои сохтмони манзил, таъмин гардидан бо ҷойи корӣ, дастрасӣ ба кӯмаки молиявӣ, таъминот бо оби ошомиданӣ, таъмири роҳҳо ва дигар мушкилоти рӯзмарра муроҷиат намуданд», – афзуд номбурда.



