Мусоидати қабулгоҳҳои ҲХДТ ба ҳалли мушкилоти аҳолӣ дар минтақаҳо

– Қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар маҳалҳо, ки соли гузашта таъсис ёфта буданд, ба ҳалли мушкилоти аҳолӣ дар минтақаҳои кишвар мусолидат мекунанд, – иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маркази таҳлил ва таблиғоти ҲХДТ Адҳам Мирсаидов. Ба қавли ӯ, имрӯз қариб дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар қабулгоҳҳои ҷамъиятии […]

Аваз Юлдошев



– Қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар маҳалҳо, ки соли гузашта таъсис ёфта буданд, ба ҳалли мушкилоти аҳолӣ дар минтақаҳои кишвар мусолидат мекунанд, – иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маркази таҳлил ва таблиғоти ҲХДТ Адҳам Мирсаидов.

Ба қавли ӯ, имрӯз қариб дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар қабулгоҳҳои ҷамъиятии ҳизб таъсис дода шуда, дар дафтарҳои кории бахшҳои ҲХДТ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд.

«Агар муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мушкилоти дохилиҳизбӣ вобаста бошад, онҳо бевосита дар худи қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ ҳал мешаванд ва агар муроҷиатҳо ба фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дахл дошта бошанд, дар ин ҳолатҳо намояндагони қабулгоҳ ба таври хаттӣ ба онҳо муроҷиат намуда, мусоидат ба ҳалли мушкилотро дархост мекунанд», – зикр кард Мирсаидов.

Мирсаидов ҳамчунин гуфт, қабулгоҳҳои ҷамъиятии ҲХДТ ба ҷуз рӯзи якшанбе, дар рӯзҳои дигари ҳафта ба қабули шаҳрвандон омодаанд. «Масалан, чанде қабл ба қабулгоҳи ҷамъиятии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Суғд 20 нафар шаҳрвандон ҷиҳати мусоидат ба гирифтани қитъаи замин барои сохтмони манзил, таъмин гардидан бо ҷойи корӣ, дастрасӣ ба кӯмаки молиявӣ, таъминот бо оби ошомиданӣ, таъмири роҳҳо ва дигар мушкилоти рӯзмарра муроҷиат намуданд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.