Пахши барномаҳои радиои «Азия-Плюс» тариқи шабакаи Интернет


Душанбе. 18-уми феврал. «Азия-Плюс» — Пахши барномаҳои радиои «Азия-Плюс» мустақиман тариқи шабакаи Интернет бо суроғаи


http://www.asiaplusradio.tj


ба роҳ монда шуд.

Директори генералии шабакаи радиои «Азия-Плюс» Парвона Аҳрорӣ дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳадафи пахши on-line-и барномаҳо тариқи Интернет ба ҳамдиёрон имкон фароҳам овардан ба шунидани барномаҳои радиои ватанӣ дар саросари олам аст.

«Дар барномаҳои радио аз соати 06-и субҳ то 18-и шом хабарҳо дар бораи рӯйдодҳои Тоҷикистон ва хориҷи кишвар ва дигар барномаҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ пешниҳод карда мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, ояндаи наздик ба шунавандагони радио боз як барномаи ҷолиб бо забони тоҷикӣ бахшида ба 90-солагии эълони шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон пешкаш хоҳад гардид.

«Дар ин барнома шореҳон доир ба таърихи таъсис ва рушди пойтахт, афроди маъруфи шаҳри Душанбе, пайдоиши кӯчаву хиёбонҳои нав, рӯйдодҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти рӯзмарраи пойтахт маълумоти қобили таваҷҷуҳ пешниҳод хоҳанд кард», – афзуд Парвона Аҳрорӣ.

spot_imgspot_img

Популярное