Вохӯрии Шукурҷон Зуҳуров бо дабири кулли Ассамблеяи парлумонии Осиё



Дар ҳошияи сафари корӣ ба Эрон субҳи имрӯз раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Теҳрон бо дабири куллии Ассамблеяи парлумонии Осиё доктор Муҳаммад Ҳодӣ Наҷот Ҳусейниён дидору гуфтушунид кард.

Котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» аз Теҳрон дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди муносибатҳо дар бахшҳои таҳияи қонунҳо, таҳкими робитаҳо тавассути гурӯҳи дӯстии парлумони Тоҷикистон ва Ассамблеяи парлумонии Осиёро баррасӣ кардаанд.

«Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои тақвияти кӯшишҳои Ассамблеяи парлумонии Осиё ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар минтақа, рушди иқтисод, бахши иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист табодули назар намуданд», – зикр кард Султонов.

Қобили зикр аст, ки Ассамблеяи парлумонии Осиё соли 1999 дар Бангладеш таъсис дода шуд. Дар баробари Тоҷикистон боз 41 кишвари қораи Осиё аъзои он буда, 17 давлат мақоми нозир дар назди Ассамблеяро доро мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное