Боздошти як шаҳрванди хориҷӣ бо героин дар Мурғоб

Ҳафтаи сипаришуда дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ шаҳрванди хориҷиро боздошт намуданд, ки аз ӯ маводи нашъаовари героин дарёфт гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандони Агентӣ дар постгоҳи БДА дар даромадгоҳи ноҳияи Мурғоб автомашинаи боркаши тамғаи “Хова”-ро боздошт намуданд, ки ба шаҳрванди хориҷӣ тааллуқ дошт. […]



Ҳафтаи сипаришуда дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ шаҳрванди хориҷиро боздошт намуданд, ки аз ӯ маводи нашъаовари героин дарёфт гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандони Агентӣ дар постгоҳи БДА дар даромадгоҳи ноҳияи Мурғоб автомашинаи боркаши тамғаи “Хова”-ро боздошт намуданд, ки ба шаҳрванди хориҷӣ тааллуқ дошт.

Ҳангоми азназаргузарониии автомашина аз бағоҷдони он як қуттӣ сигаретаи тамғаи “Pine»-ро дарёфт намуданд, ки дар даруни он пули қоғазин пинҳон карда шуда буд. Ҳангоме, ки кормандони оперативӣ пулро кушоданд, аз он моддаи хокамонанди сафед ба замин рехт.

 Маълум гашт, ки ронандаи мошин маводи нашъаоварро дар даруни пули қоғазин печонида, пинҳон кардааст. Ташхиси экспертӣ нишон дод, ки моддаи мазкур маводи сахттаъсири героин мебошад.

Аз рӯи ин ҳодиса аз тарафи Шӯъбаи тафтишоти Агентӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Ронандаи автомашина боздошт ва ҳабс гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.